Кор дар Интернет

Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Парнеры
Лучшие рейтинги и обзоры техники для дома
Топ Гороскоп - Твой астрологический каталог

Бакайдгири дар системаи Webmoney



______________________________________________________________
Кадоме ки мехохад WebMoney кошелек кабул кунад (чизе, ки дар ин чо нависта шудааст нахонда) ё касе ки пули худро аз интернет ба Точикистон баровардан шавкманд мебошад - - ин сайтро дида бароед: oplata.tj ва money.tj
______________________________________________________________

Дар хакикат, бакайдгири ва вебкашелеки худро кушодан дар системаи Web Money хеле ва хеле осон аст. Биёед инро чи хел кардан кадам ба кадам дида мебароем.
Кадами 1. Ба сайти Web Money медароем ва дар он чо аз тарафи рост нуктаи «Бакайдгирии бепул» -ро мебинед. Ин нуктаро пахш мекунем.


Кадами 2. Интихоб - Web MoneyKeeper. Keeper – ин программаи махсусе, ки бо ёрии вай шумо кошелекхои худро назорат мекунед. Ба Шумо чор намуди Web Money Keeper пешниход карда мешавад:


Дар сайт шумо метавонед, дар бораи хар як намуди Keeper муфассалтар хонда бароед, лекин аз руи коида, бисёрихо намуди Classic –ро интихоб мекунанд. Барои хамин хам хамин намуди Keeper –интихоб мекунем ва ба кадами дигар мегузарем.

Кадами 3. Чори кардани маълумотхои шахси. Дар ин чо ман фикр мекунам хамааш ба шумо фахмо. Дар хар як катора маълумоти даркориро менависед. Мухимаш дар вакти навиштани адреси почтаи электрони ва номери телефонии мобили ахамияти махсус дихед. Инхо бояд аз они худи Шумо бошанд, барои он дар почтаи электрони ва номери телефонии шумо(дар намуди смс)коди бакайдгирии шумо равон карда мешавад, ки онро шумо бояд дар катораи маълумот нависед. Web Money-ин системаи мухофизатшуда ва мустахкам мебошад. Маълумотхои махфии Шумо барои ягон кас дастрас нест.

Кадами 4.Тасдиккунии бакайдгири. Пас аз чанд дакика дар почтаи электроние,ки дар вакти навиштани маълумот нишон додаи шумо , коди бакайдгирии ба шумо равон карда мешавад, ки вайро шумо бояд дар катора нависед.

Акнун навбати верификации телефонии мобили сар мешавад. Ба вай смс бо код равон карда мешавад. Ин код –ро дар катора нависед, ва нуктаи «давом дихед»-ро пахш намед.


Кадами 5. Барпо кардани Wm Keeper Classic. Дар компютер WMKeeper Classic –ро аввал пайдо мекунем ва баъд баркарор мекунем. Калидро ба холати «бакайдгири дар WebMoney»-ро азнав баркарор кунед.

Коди бакайдгириро, ки чанд дакика пештар дар почтаи электронии шумо омада буд, бо як бори дигар менависем ва нуктаи «ба пеш». Акнун барои ба Keeper Classic даромадан пароли худро аник намудан лозим аст.

Акнун барои калиди файлро эхтиёт(сохранить) кардан рох нишон дихед ва коди дастрас будани ин файлро интихоб кунед. Файли калидхои васеъшавии kwm.-ро дорад. Барои имконият пайдо кардан барои пайваст шудан ба WebMoney –счет аз дигар компютерхо ё баъди системаи операциониро аз нав баркарор кардан ин файл хизмат мекунад. Коди дастраси файли калидхоро нависта гиред. Коди дастрас ва пароли даромадро бояд фарк кунед. Якум файли калидхоро мухофизат мекунад, дуюм барои пайвастшави ба Web-Money –счет хизмат мекунад.
Дар да охир, дар почтаи электроние, ки дар боло зикр карда будед, мактуб бо коди махсус барои активация равон карда мешавад, ки вайро хам дар катора нависед. Бакайдгири ба охир расид!

Кадами 6.Сохтани кошелек. Барои ба вучуд овардани кошелек, ба Keeper даромада, ба менюи «Кошелек» ва «сохтан» - ро интихоб намудан лозим аст. Аз хама намуди пахншудаи кошелекхо - ин Z- кошелек ва R –кошелек.
Z -кошелек ё кошелеки намуди Z (доллари). Пуле, ки дар он нигох дошта мешавад (вайро барои кулайтар буданаш WMZ мегуянд) хамарзиш бо доллари ШМА. Яъне, 1WMZ =1$ аст. Номери Z- кошелек аз харфи «Z» ва баъди он 12 цифр дигар иборат аст. Пеш аз номер бояд харфи Z ро навистан зарур аст.
R–кошелек ё кошелеки намуди R(рубли). Пуле, ки дар он нигох дошта мешавад(вайро барои кулайтар буданаш WMR мегуянд) хамарзиш бо рубли Руси. Яъне, 1WMR= 1RUR. Номери ин хам хамчун номери кошелеки доллари аз 12 цифр иборат аст.Факат фаркияташ дар он аст, ки пеш аз цифрхои чорикардаатон харфи «R» навистан зарур аст. Аз руи коида, барои кор кардан хар ду намуди кошелек зарур аст.
____________________________________________
Дар ин чо, чи хел WebMoney- ро дар Точикистон кор фармуданро муфассал навишта шудааст: oplata.tj ва money.tj

На Главную >>>